Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим

Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим

Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим

Президент

Ҳамватанони азиз!Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид.Моҳи марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардиданд.Дигар рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад.Ҳамчунин, шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расид, ки барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкориҳои судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқиро фароҳам месозанд.Соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии худ ҷиҳати амалисозии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро мизбонӣ намуд.Қобили зикр аст, ки рӯзи 12-уми декабри соли ҷорӣ бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» қабул карда шуд.Бо ташаббуси дигари кишвари мо қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул гардид.Илова бар ин, ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим зимни иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Париж баёнгари эътирофи ташаббусҳои Тоҷикистон мебошад.Он ҳам боиси ифтихор аст, ки ки 12-уми декабри соли ҷорӣ бо иқдоми Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» қабул гардид.Пазируфтани ин ташаббусҳо ифодаи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти созандаи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи глобалӣ ба ҳисоб меравад.Ҳамватанони азиз!Тайи даҳ соли охир, яъне дар давраи татбиқи ду барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар, ки марҳалаҳои фосилавии иҷрои Стратегияи миллии рушд то соли 2030-ро дар бар мегиранд, ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бисёр иқдомоти муҳимму самарабахш амалӣ карда шуданд.Дар натиҷа ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар зиёд гардида, иқтисоди миллии мо ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш ёфт.Барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 670 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 159 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ равона гардид.Дар ин давра маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд.Аҳолии кишвар аз 8,5 миллион нафари соли 2015 ба 10,7 миллион нафар дар соли 2025 расид, яъне 26 фоиз зиёд гардид ва нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ аз 70 ба 77 сол расид.Дар ин муддат сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз коҳиш ёфт.Даромади пулии аҳолӣ аз 26 миллиард сомонии соли 2015 то 165 миллиард сомонӣ дар соли 2025, яъне беш аз шаш баробар афзоиш ёфт.Соли 2025 Барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар барои солҳои 2026 – 2030 ҳамчун марҳалаи ниҳоии Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 қабул гардид.Амалисозии саривақтӣ ва сифатноки он имкон медиҳад, ки дар панҷ соли оянда ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ду баробар афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ то 10 фоиз кам ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ то 50 фоиз зиёд гардад.Дар ин давра рушди иқтисодӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 8,7 фоиз, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулот дар соҳаҳои саноат 20 фоиз, кишоварзӣ 8,4 ва ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ 11,7 фоиз афзоиш меёбад.Вобаста ба ин, ба Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки барои ноил гардидан ба афзалиятҳои рушд амалисозии саривақтӣ ва пурраи Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026 – 2030-ро таъмин намоянд.Ҳоло дар кишвар дар самти ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, сохтмону азнавсозии иншооти энергетикиву нақлиётӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, тавсеаи хизматрасониҳо, густариши ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муҳим тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда истодаанд.Соли 2025 маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба 173 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 8,4 фоизро ташкил дод.Дар баробари ин, моро зарур аст, ки суръати рушди иқтисоди миллиро дар соли 2026 на кам аз 8 фоиз ва солҳои минбаъда низ устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодиро таъмин намоем.Ҳукумати мамлакат бояд самтҳои афзалиятноки рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, саноатикунонии босуръат бо технологияҳои муосир, истифодаи имкониятҳои транзитӣ ва сайёҳӣ, идомаи ислоҳоти идоракунии давлатӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар гардонидани фазои сармоягузориро тақвият бахшад.Дар ин раванд, ба идоракунии самараноки корхонаҳои давлатӣ, рушди иқтисоди «сабз» ва «даврагӣ», гузариш ба модели иқтисодии ба донишу навоварӣ асосёфта, рушди сармояи инсонӣ ва пешгирӣ кардани таъсири тағйирёбии иқлим бояд эътибори аввалиндараҷа дода шавад.Вакилони муҳтарам!Пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ин дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо самаранок истифода гардида, ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасонӣ табдил дода шаванд.Парламенти кишварро зарур аст, ки барои таъмин намудани заминаи ҳуқуқии гузаштан ба иқтисоди рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ чораҷӯйӣ намояд.Дар ин раванд, Хадамоти алоқа вазифадор карда мешавад, ки ҷиҳати амалисозии иқдомоти созанда дар доираи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия», инчунин, дар асоси ҳадафу вазифаҳои стратегии кишвар лоиҳаи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.Зарур аст, ки ҷиҳати бо интернети баландсуръат таъмин намудани аҳолӣ ва рушди инфрасохтори телекоммуникатсионӣ, аз ҷумла таҷдиди хатҳои нахиву нурии байнишаҳрӣ ва зиёд намудани хатҳои байналмилалӣ чораҳои фаврӣ андешида шаванд.Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вазифадоранд, ки якҷо бо вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав ва молия талаботи бозори меҳнатро дар самти иқтисоди рақамӣ омӯхта, барои зиёд намудани теъдоди мутахассисони соҳаи мазкур, инчунин, баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.Ҳамчунин, ба Вазорати молия, Бонки миллӣ, Кумитаи андоз ва дигар вазорату идораҳои дахлдор супориш дода мешавад, ки корро ҷиҳати зиёд намудани ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ ва истифодаи инфрасохтори пардохт тақвият бахшанд.Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҷиҳати пурра ҷорӣ намудан ва оммавӣ гардонидани сомонаи ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешад.Имрӯз моро зарур аст, ки раванди идоракунии давлатиро бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба роҳ монда, таъсири омили инсониро дар тамоми соҳаҳо ва ҳама гуна муносибатҳои молиявӣ коҳиш диҳем.Як мисоли одӣ:Дар солҳои гузашта, яъне то ҷорӣ намудани технологияҳои муосири ҳисоб ва пардохти неруи барқ – низоми рақамии биллингӣ дар ҳисоботи шабакаҳои барқ 30 – 40 фоизи аҳолӣ ҳаққи истифодаи неруи барқро пардохт намекард.Баъд аз ҷорӣ шудани низоми нави биллингӣ 100 фоизи аҳолӣ ҳамчун пурра пардохткунандаи ҳаққи истифодаи неруи барқ ба ҳисоб гирифта мешавад.Ин рақамҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки қаблан таҳти таъсири омилҳои инсонӣ ё сӯйистифода аз мансаб аз тарафи баъзе кормандони соҳа пардохтҳо пурра ба ҳисоб гирифта намешуданд ва талафоти беасоси неруи барқ ба таври сунъӣ ба зиммаи аҳолӣ ва дигар гурӯҳҳои истифодабарандагони неруи барқ гузаронида мешуд.Танҳо дар шаҳри Душанбе дар натиҷаи ҷорӣ намудани низоми рақамии биллингӣ дар 11 моҳи соли равон талафот 13 фоизро ташкил кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 7 банди фоизӣ кам мебошад.Дар моҳи октябри соли ҷорӣ сатҳи талафот дар шаҳри Душанбе то 5,1 фоиз аз 15,1 фоизи октябри соли 2024, яъне 10 банди фоизӣ кам карда шуд.Талафоти неруи барқ дар кишвар дар 11 моҳи соли ҷорӣ 3 миллиард киловатт – соатро ташкил карда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 500 миллион киловатт – соат кам шудааст.Дар ин муддат беш аз 100 ҳазор муштариёни нав ба қайд гирифта шуда, ба низоми энергетикӣ якуним миллиард сомонӣ маблағ ворид гардидааст.Талафот дар шаҳри Душанбе дар 11 моҳи соли ҷорӣ аз 20 ба 13 фоиз ва дар моҳи октябр то 5 фоиз кам шудааст.Вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Кумитаи андоз вазифадор карда мешаванд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати гузариши пурра ба раванди рақамии идораи молияи давлатӣ, ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии молиявӣ дар ҳамаи субъектҳои хоҷагидор, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, корбарӣ намоянд.Инчунин, таъкид месозам, ки пурра ҷорӣ намудани низоми пардохтҳои ғайринақдӣ дар нуқтаҳои савдову хизматрасонӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим мебошад.Ҳозирини гиромӣ!Ҳоло дар мамлакат ҳиссаи бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо 80 фоиз ва шуғли аҳолӣ 70 фоизро ташкил медиҳад ва он ҳамчун қувваи пешбарандаи рушди кишвар эътироф гардидааст.Ҳукумати мамлакатро бояд ҷиҳати осон намудани дастрасии бахши хусусӣ ба захираҳо, хизматрасониҳои давлатӣ, иттилоот, воситаҳои арзони молиявӣ, технологияҳо ва донишҳо барои баланд бардоштани рақобатнокӣ, таҳияву татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва таҳкими мавқеъ дар бозорҳои ватаниву хориҷӣ тадбирҳои муассир андешад.Ҳамчунин, бо дарназардошти амалисозии ҳадафҳои стратегии давлат корҳо дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ ва дохилӣ, хусусан, сармояи мустақим бояд вусъат дода шаванд.То имрӯз барои такмили маъмурикунонии андоз, тавсеаи ҳамкориҳои фосилавӣ бо шаҳрвандону андозсупорандагон ва густариши иқтисоди рақамӣ дар доираи «Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020 – 2025» як қатор тадбирҳои муҳим амалӣ карда шуданд.Тадбирҳои амалигардида ба рақамикунонии соҳа, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои электронии давлатӣ, соддагардонии иҷрои уҳдадориҳои андозӣ, инчунин, ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва болоравии фарҳанги андозсупории соҳибкорон мусоидат намуданд.Бо дарназардошти идомаи ислоҳот ва зарурати тақвияти дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, Ҳукумати мамлакат вазифадор карда мешавад, ки Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030-ро дар муҳлати кӯтоҳ қабул ва татбиқ намояд.Ҳамзамон бо ин, вазорату идораҳо доир ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ ва фарҳанги андозсупории шаҳрвандону андозсупорандагон чораҳои иловагӣ андешанд.Ҳозирини муҳтарам!Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои зарурӣ дар самти таъмин намудани рушди босуботи мамлакат ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои даромад сол ба сол афзоиш ёфта, дар соли 2025 ба 50 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2021-ум 65 фоиз ё 20 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.Бо вуҷуди ин, вазъи мураккабу пешгӯйинашавандаи сиёсиву иқтисодии ҷаҳони имрӯза моро водор месозад, ки низоми молиявии кишварро ба меъёрҳои муосир мутобиқ намуда, самаранокии идоракунии молияи давлатиро боз ҳам баланд бардорем.Махсус таъкид менамоям, ки самаранокии хароҷоти давлатӣ бояд ба натиҷаҳои аз ҳар вақти дигар бештар нигаронида шавад.Вазорати молия бояд якҷо бо вазорату идораҳои соҳавӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ин ҷода тадбирҳои иловагӣ андешад.Вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар сохторҳои дахлдор вазифадоранд, ки барои тавсеаи бозори коғазҳои қиматноки давлатӣ ва корпоративӣ чораҳои заруриро амалӣ намоянд.Хотирнишон менамоям, ки ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки «сабз» ва ташкили бозори такрории фаъолу шаффофи онҳо яке аз вазифаҳои муҳим дар ин самт мебошад.Ҳамзамон бо ин, бояд Стратегияи рушди бозори сармоя таҳия ва қабул карда шавад.Дар даҳ соли охир ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 143 миллиард сомониро ташкил додааст.Вале ҳамагӣ 38 фоизи он ба соҳибкории истеҳсолӣ рост меояд, ки ин ҳанӯз кофӣ нест.Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзиро зарур аст, ки ҷиҳати ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ба низоми бонкӣ, пасандозҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ ва боз ҳам зиёд намудани пешниҳоди қарз ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисод, бахусус, соҳибкории истеҳсолӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.Барои беҳтар намудани дастрасии соҳибкорони истеҳсолӣ ба маблағҳои арзони дарозмуддат ва афзоиш додани ҳаҷми қарз пешниҳод менамоям, ки Фонди кафолати қарзҳо таъсис дода шавад.Инчунин, барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии мардум ва тавсеаи имкониятҳои дастрасии шаҳрвандон ба манзили истиқоматӣ зарур аст, ки механизмҳои рушди бозори қарзҳои ипотекиро такмил дода, ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми чунин қарзҳо ба аҳолӣ тадбирҳои дахлдор андешида шаванд.Вакилони муҳтарам!Ба мақсади ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар дар давраи татбиқи он (солҳои 2019 – 2025), яъне дар 7 соли охир беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бо ташкили зиёда аз 87 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шудааст.Аз ҷумла дар соли 2025-ум 400 корхонаи истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намудааст.Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи маъдан аз 7,7 миллиард сомонии соли 2020 ба 26 миллиард сомонӣ дар соли 2025 расонида, афзоиши ин нишондиҳанда 3,4 баробар таъмин карда шуд.Агар дар соли 1991 дар соҳаи маъдан танҳо 3 номгӯйи маҳсулот (тилло, нуқра ва хокаи сурб) истеҳсол гардида бошад, пас дар соли 2025 ба 17 номгӯй расонида шудааст.Бояд гуфт, ки ҳоло истеҳсоли тилло назар ба соли 1991-ум 7 баробар, нуқра 6 баробар ва хокаи сурб 9 баробар зиёд гардидааст.Тадбирҳои дар самти саноатикунонии босуръати кишвар андешидашуда имкон доданд, ки дар ҳафт соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа дуюним баробар афзоиш ёфта, дар соли 2025 ба 66 миллиард сомонӣ расонида шавад.Суръати рушди соҳаи саноат дар соли 2025-ум 22 фоизро ташкил дод.Ба идомаи ин раванд, Вазорати саноат ва технологияҳои нав бо истифода аз тамоми иқтидору имкониятҳо рушди воқеии солонаи соҳаро дар давоми панҷ соли минбаъда бояд дар сатҳи на кам аз 25 фоиз таъмин намояд.Дар ин росто, бо ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ҷиҳати таъсис додани корхонаҳои нав барои коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, хусусан маъдан, металлҳои ранга ва нодиру қиматбаҳо, маҳсулоти кишоварзӣ ва растаниҳои шифобахш тадбирҳои иловагӣ андешида, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва ивазкунандаи воридот зиёд карда шавад.Ҳукумати мамлакат Барномаи нави саноатикунонии босуръати кишварро барои солҳои 2026 – 2030 ва Барномаи рушди истеҳсолу ғанигардонии металлҳои ранга, нодиру қиматбаҳо ва дигар ашёи хоми муҳимро қабул ва амалӣ гардонад.Дар баробари ин, ҷиҳати таъмин намудани истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои зеризаминӣ, тақвияти назорати давлатӣ, мусоидат ба рушди устувори соҳаи истихроҷ ва геологияи кишвар чораҳои иловагиро татбиқ намояд.Вазоратҳои молия, саноат ва технологияҳои нав, Саридораи геология ва Кумитаи андоз якҷо бо дигар вазорату идораҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзими фаъолият дар соҳаҳои зикршударо таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод созанд.Дар санадҳои таҳияшаванда масъалаҳои вобаста ба фарогирии пурраи оморӣ, соддагардонии расмиёти давлатӣ, аз ҷумла иҷозатномадиҳӣ, такмили тартиби андозбандии захираҳои табиӣ ва ҳалли мушкилоти дигар бояд равшан инъикос карда шаванд.Хотирнишон менамоям, ки дар раванди амалисозии ин вазифаҳо диққати махсус ба рушди саноати сабук, коркарди амиқи маҳсулот ва истеҳсоли металлҳои нодир ва муҳим равона карда шавад.Дар 10 соли гузашта соҳаи энергетикаи кишвар ба маблағи беш аз 60 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ шудааст, ки дар натиҷа иқтидорҳои истеҳсолии неруи барқ дар ҳаҷми 1017 мегаватт афзоиш ёфтанд.Танҳо аз ҳисоби таҷдиду навсозии неругоҳҳои амалкунанда иқтидорҳои истеҳсолӣ 200 мегаватт зиёд гардиданд.Аз ҷумла соли 2025 корҳои таҷдиду навсозии неругоҳи барқи обии «Қайроққум» ба маблағи 1,8 миллиард сомонӣ пурра анҷом дода шуда, иқтидори истеҳсолии он аз 114 мегаватт ба 174 мегаватт, яъне 60 мегаватт зиёд карда шуд.Дар баробари афзоиши иқтидорҳои истеҳсолӣ як қатор лоиҳаҳои муҳимми дигар, аз ҷумла бунёди зеристгоҳҳои нави барқӣ ва хатҳои интиқоли барқ амалӣ карда шуданд.Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар кишвар 7 миллиард киловатт – соат ё 40 фоиз зиёд гардида, аз 17,2 миллиард киловатт – соати соли 2015 ба 24,2 миллиард киловатт – соат дар соли 2025 расонида шуд.Мо мушкилоти мардуми шарифи Тоҷикистонро дар шароити маҳдудияти муваққатии интиқоли неруи барқ ба хубӣ медонем.Ин ҳолат аз як тараф, натиҷаи афзоиши аҳолӣ ва тавре ки болотар гуфта шуд, зиёдшавии шумораи корхонаҳои саноатӣ ва дар маҷмуъ, афзудани истеъмоли неруи барқ ва аз тарафи дигар, таъсири камбориш омадани тирамоҳи имсола ва кам гардидани воридшавии об ба обанбори неругоҳҳои барқи обии мамлакат мебошад.Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 1 миллиону 300 ҳазор хонаи истиқоматии нав сохта шуда, беш аз 8 миллиону 400 ҳазор нафар сокинон шароити зисти худро беҳтар кардаанд.Танҳо дар 7 соли охир дар мамлакат 2600 корхонаи нави истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз кардааст, ки ин ҳама боиси афзоиши истеъмоли неруи барқ гардидааст.Илова бар ин, тавре, ки дар боло гуфта шуд, талафоти неруи барқ ҳоло ҳам зиёд буда, беш аз 3 миллиардро ташкил медиҳад.Ҳукумати мамлакат барои бартарафсозии ин мушкилот тамоми чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.Ҳоло корҳои лоиҳавии сохтмони ду неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт – 250 мегаватт дар вилояти Суғд ва 250 мегаватт дар вилояти Хатлон – оғоз гардида, то моҳи августи соли 2026 ба истифода супорида мешаванд.Инчунин, моҳи сентябри соли 2027 агрегати сеюми неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дароварда мешавад ва истиқлоли энергетикии кишвар таъмин мегардад.Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳо раванди сохтмони неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро пайваста идома медиҳад.Ҳоло дар иншооти мазкур 18 ҳазору 600 нафар коргарон, яъне сохтмончиён ва кормандони муҳандисиву техникӣ фаъолият доранд ва шумораи техника, яъне мошину механизмҳо зиёда аз 3900 ададро ташкил медиҳад.Барои идомаи босуръати корҳои сохтмон дар неругоҳ соли равон аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 9 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ карда шуд ва то имрӯз қариб 60 фоизи корҳои сохтмони неругоҳ ба анҷом расонида шудаанд.Ҳукумати мамлакат, тамоми роҳбарону масъулин ва сохтмончиёни ин иншооти бузург вазифадоранд, ки сохтмони неругоҳро бо масъулияти баланд ва босифат вусъат бахшида, иҷрои супориши додашударо ҷиҳати дар моҳи сентябри соли 2027 ба кор даровардани агрегати сеюми неругоҳ, яъне расидан ба истиқлоли энергетикиро таъмин намоянд.Тибқи таҳлилҳо талабот ба неруи барқ дар дохили мамлакат сол ба сол афзоиш ёфта, соли 2030 нисбат ба соли 2025-ум 31 фоиз зиёд мегардад.
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияҳои водии Вахш, аз ҷумла ноҳияи Ҷайҳун

28 май баъди шиносоӣ бо вазъи корҳои саҳроӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияҳои водии Вахш, аз ҷумла ноҳияи Ҷайҳун мулоқот карданд.Сарвари давлат аз вазъи хуби корҳо дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва натиҷаи заҳмати содиқонаи деҳқонони ноҳияи Ҷайҳун, ки барои таҳкими пояҳои иқтисодии давлат ба даст овардаанд, изҳори қаноатмандӣ карданд.Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҳукумати мамлакат бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, бунёду барқарорсозии корхонаҳои истеҳсоливу иншооти иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ “Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Ҷайҳун барои солҳои 2016 — 2020”-ро қабул кард, ки барои амалисозии он татбиқи 194 лоиҳа ба маблағи 164 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.Барои татбиқи пурра ва самараноки барнома Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро вазифадор карданд, ки ҳамкориро ҷиҳати дарёфти сармоя бо вазорату идораҳои дахлдор ва бахши хусусӣ ҷоннок намоянд.Дастуру супоришҳо ба масъулини ноҳияи Ҷайҳун ва вилояти Хатлон ҳамчунин бобати ташкили иншооти сайёҳӣ, махсусан, бунёди меҳмонхонаҳо ва ҳамзамон бо ин, таъсиси инфрасохтори ҳамлу нақл ва дигар иншооти ба рушди сайёҳӣ ва хизматрасонӣ мусоидаткунанда дода шуд.Бонки миллӣ вазифадор гардид, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ва соҳибкорон ба воситаҳои молиявӣ ва баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии мардум чораҳои амалиро роҳандозӣ намояд.Бо мақсади ҳалли масъалаҳои соҳаҳои кишоварзӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин, энергетика дар ноҳия 5 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ гардида истодааст, ки маблағи умумии дар доираи онҳо то моҳи апрели соли 2020 азхудшуда беш аз 18 миллион сомониро ташкил медиҳад.Ҳоло дар ҳудуди ноҳия 10 корхонаи саноатӣ дар самтҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмон, хӯрокворӣ, дӯзандагӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ фаъолият дорад, ки ин низ қонеъкунанда нест.Роҳбарони Вазорати рушди иқтисод ва савдо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия вазифадор шуданд, ки тавассути ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва воридоти технологияҳои навтарин суръатбахшии раванди ташаккул ва рушди минтақаро таъмин намоянд.Ҳамчунин, роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои водии Вахш вазифадор карда шуданд, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор барои истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ, таъсиси корхонаҳои нав ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ барои сокинон, инчунин, ҷиҳати бартарафсозии монеаҳои рушди соҳибкорӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.Роҳбарияти вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия, аз Президенти мамлакат супориш гирифтанд, ки ҷиҳати бартараф намудани масоили ҳалталаби соҳаи маорифу тандурустӣ, аз ҷумла бо ҷалби соҳибкорон ва аҳолӣ таъмиру таҷдид кардани муассисаҳои таълимӣ, беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди донишомӯзӣ барои наврасону ҷавонон ва беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.Дар робита ба паҳншавии бемории коронавирус, ки боиси ташвишу нигаронии мардуми сайёра, аз ҷумла сокинони кишвари мо гардидааст, Президенти кишвар бо истифода аз ширкати роҳбарону намояндагони сокинони шаҳру ноҳияҳои водии Вахш бори дигар зарурати аз ҷониби ҳар як шахс риоя гардидани қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ ва тавсияҳои табибону мутахассисонро хотирнишон карданд.Дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузургу муқаддаси миллиамон — сисолагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ карданд, ки мардуми сарбаланди ноҳияҳои водии Вахш, аз ҷумла Ҷайҳун анъанаҳои неки аҷдодиамонро идома бахшида, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ минбаъд низ саҳми босазои хешро барои пешрафту ободии кишвари соҳибистиқлоламон дареғ намедоранд ва ба дастовардҳои боз ҳам бештари иҷтимоиву иқтисодӣ ноил мегарданд.Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон оид ба вазъи рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар ноҳияҳои водии Вахш, аз ҷумла ноҳияи Ҷайҳун ва раиси ноҳияи Ҷайҳун Одиназода Аблулҳафиз дар бораи ҷамъоварии ҳосил, иҷрои амру супоришҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин татбиқи нақшаи чорабиниҳо баҳри истиқболи сазовори ҷашни умумимилӣ 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба Сарвари давлат ҳисобот доданд.

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳтарам роҳбарон ва фаъолони иттифоқҳои касаба!Ҳозирини арҷманд!Мулоқоти мо бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони ташкилоти калонтарину бонуфузи ҷамъиятӣ — Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар айёми вусъати раванди созандагиву бунёдкорӣ ва рушди босуботи Ватани азизамон баргузор мегардад.Чорабинии имрӯза, ҳамчунин, ба ҷашни якасраи Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1993 аъзои комилҳуқуқи он мебошад, рост меояд.Бо истифода аз фурсат, ҳамаи шуморо ба ин муносибат табрик мегӯям.Бояд гуфт, ки саҳми Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат дар масъалаи танзими муносибатҳои меҳнатӣ ва густариши шарикии иҷтимоӣ байни ҳукуматҳо, иттифоқҳои касаба ва корфармоён назаррас буда, санадҳои қабулкардаи он дар шакли конвенсия ва тавсияҳо ба танзими одилонаи муносибатҳои меҳнатӣ мусоидат менамоянд.То ин муддат аз ҷониби Тоҷикистон 51 конвенсия ва 22 тавсияи Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат пазируфта шудааст.Дар кишвари мо дар самти муносибатҳои меҳнатӣ давра ба давра санадҳое қабул карда шудаанд, ки ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ буда, бевосита барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ, меҳнати шоиста ва таъмини шароити бехатару мусоиди корӣ равона гардидаанд ва ин иқдом минбаъд низ идома дода мешавад.Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошта, аз ибтидои соҳибистиқлолӣ дар кишвар ислоҳоти иқтисодӣ ва сохторӣ амалӣ гардида, асосҳои меъёрии ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии мардуми мамлакат тадриҷан такмил дода шуданд.Бо таъмин гардидани рушди босуботи иқтисоди миллӣ ва ислоҳоти бомароми идораи молияи давлатӣ даромади буҷети давлат аз 6 миллиард сомонии соли 2009 ба 23,8 миллиард сомонӣ дар соли 2019 расонида шуд, яъне дар даҳ соли охир 4 баробар зиёд гардид.Қобили зикр аст, ки ҳамасола рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, инчунин, таъмини амнияти давлат самтҳои асосии хароҷоти буҷети давлат мебошанд.Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлат аз рӯи ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар соли 2018 ба беш аз 24 миллиард сомонӣ баробар шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2009-ум 4,2 баробар зиёд мебошад.Дар давраи солҳои 2009-2018 барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла таъмин намудани истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ 47,5 миллиард сомонӣ равона гардидааст, ки ба 35 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷет дар ин давра баробар мебошад.Тайи солҳои зикршуда пешрафти соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ, бахусус, бахшҳои истеҳсолӣ таъмин гардида, ҳамасола қариб 100 ҳазор ҷойҳои кории нав таъсис дода шуданд ва дар се соли охир шумораи шахсоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, 25 фоиз кам гардид.Дар буҷети соли 2019 нисбат ба соли 2018 ба соҳаҳои фарҳангу варзиш 17,3 фоиз, илму маориф 14, тандурустӣ 12,2, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 9,5 фоиз зиёд маблағ равона карда шудааст.Дар соҳаҳои иҷтимоӣ тамоюлҳои мусбат идома пайдо карда, аз ҷумла нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ ба 75 сол расид ва фавти модару кӯдак дар муқоиса бо соли 1998 мутаносибан 2,1 ва 2,6 баробар коҳиш ёфт.Дар роҳи ноил шудан ба ин дастовардҳо дар баробари сохторҳои ҳокимияти давлатӣ иттифоқҳои касаба низ саҳмгузор буда, онҳо ба ҳайси созмони оммавии мардумӣ масъулияти ширкат дар идоракунии ҷомеа, тарбияи кадрҳо, ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаёт ва таъмини адолати иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти кормандон дар соҳаҳои иқтисоди миллиро ба уҳда доранд ва ҷиҳати ба амал баровардани вазифа ва салоҳиятҳои қонунии худ бояд тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.Яъне дар баробари фаъолияти мақомоте, ки ваколатдори давлатӣ дар бахши муносибатҳои меҳнатӣ мебошанд, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон вазифаҳои қонунии худро ҳамчун ҳомии ҳуқуқу манфиатҳои аҳли заҳмат амалӣ мегардонад.Фаъолияти иттифоқҳои касаба дар кишвар ба ҳайси ташкилоти ҷамъиятӣ ба санадҳои қонунгузорӣ асос ёфта, назорати ҷамъиятии риояи қонунгузории меҳнат маҳз ба дӯши ин ниҳод вогузор шудааст.Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил ба сифати шарики боэътимоди иҷтимоии Ҳукумат дар асоси Конститутсия, Кодекси меҳнат, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттифоқҳои касаба” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолият мекунад. Моҳи майи соли 2019-ум 1 миллиону 180 ҳазор нафар ё 51,1 фоизи шумораи умумии аҳолии дорои шуғл дар рӯйхати кироякорон дар корхонаҳои ҳамаи шаклҳои моликият қарор дошт.Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон имрӯз қариб 870 ҳазор нафар аъзоро муттаҳид мекунанд.Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бояд фаъолияти худро ба талаботи замони муосир мувофиқ намуда, барои амалисозии сиёсати давлат оид ба ҳифзи меҳнат ва муҳити зист, таъминоти иҷтимоӣ ва суғурта, назорати ҷамъиятии риояи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, иҷрои созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ, таълим ва такмили ихтисоси кадрҳои иттифоқи касаба чораҳои мушаххас андешад.Иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти оммавӣ вазифадоранд, ки рисолати хешро дар ҳифзу ҳимояи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, таҳкими сулҳу субот дар саросари кишвар, ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии аъзои иттифоқи касаба ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як корманд анҷом диҳанд.Тавре дар Оинномаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дарҷ гардидааст, «иттифоқҳои касаба кӯшиш мекунанд, ки ҳуқуқҳои конститутсионии ҳар як шаҳрванд, бидуни мансубияти он ба миллат ва дин, ба меҳнат, озодии интихоби касбу кор, шароити одилонаи меҳнат ва манфиатҳои бекорон ҳифз шаванд, низоми иҷтимоии одилонаи музди меҳнат ва шароити кор татбиқ шавад, риояи қонунҳои меҳнат, қоидаву меъёрҳои ҳифзи меҳнат ва муҳити зист таъмин карда шавад, замина ва маблағ барои беҳдошти сиҳатии кормандон, аъзои оилаи онҳо, инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба вуҷуд оварда шавад, созишномаю шартномаҳои коллективӣ баста шаванд ва иҷрои онҳо таҳти назорат қарор гиранд».Ҳозирини гиромӣ!Бо дарназардошти рушди иқтисодиёти кишвар, ба вуҷуд омадани муносибатҳои нави меҳнатӣ, тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоӣ ва роҳандозӣ намудани дигар тадбирҳои иловагӣ соли 2016 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул гардид, ки раванди муносибатҳои меҳнатӣ бояд бо риоя ва дар доираи ин санад ба танзим дароварда шаванд.Кодекси меҳнат бо мақсади дар санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври илова муқаррар намудани шароити меҳнат, шуғл ва кафолати иҷтимоӣ бастани созишнома ва шартномаҳои коллективиро пешбинӣ менамояд.Дар ин росто, Созишномаи генералӣ байни Ҳукумат, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил ва Иттиҳодияи корфармоён барои солҳои 2018 – 2020 мавриди амал қарор дорад.Қабули Созишномаи генералӣ бори дигар собит намуд, ки ҳифзи манфиатҳои меҳнатии кормандон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани ҳифзи иҷтимоии кормандон, коҳиш ёфтани сатҳи бекорӣ, сол ба сол зиёд шудани музди меҳнат ва татбиқи босуботи сиёсати иҷтимоӣ доим дар маркази фаъолияти Ҳукумати мамлакат қарор дошта, барои амалӣ намудани ҳадафҳои зикршуда тадбирҳои судманд андешида мешаванд.Ба танзим даровардани муносибатҳои иҷтимоиву меҳнатӣ, дарёфти ризоияти ҷамъиятӣ, ҷалби шумораи ҳарчи бештари аҳолии қобили меҳнат ба меҳнати арзанда, мусоидат намудан дар афзоиши даромади кормандон, коҳиш додани сатҳи бекорӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии аҳолии кишвар, паст намудани фоизи шуғли ғайрирасмӣ, таъмин кардани меъёрҳои ҳадди ақалли иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷумлаи масъалаҳои калидии Созишнома ба ҳисоб мераванд.Дар асоси ин ҳуҷҷат созишномаҳои соҳавӣ, минтақавӣ ва корхонаву ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, шартномаҳои коллективӣ баста мешаванд.Танзими муносибатҳои меҳнатӣ ва амалишавии кафолатҳои иҷтимоии кормандони корхонаҳои кишвар дар доираи шарикии иҷтимоӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тавассути вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монда шудааст.Мутобиқи маълумоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба ҳолати якуми июни соли 2019 дар кишвар зиёда аз 91 ҳазор корхона бо шаклҳои гуногуни моликият вуҷуд дошта, аз ин шумора беш аз 20 ҳазор корхона ҳуқуқи бастани шартномаро дорад. Ҳоло қариб 13 400 корхона шартномаи коллективӣ дорад, ки 67 фоизи шумораи умумиро ташкил медиҳад.Бо мақсади татбиқи Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 «Барномаи маҷмӯии паст кардани сатҳи шуғли ба қайд гирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳо 2015-2017» амалӣ гардид.Амалӣ гардонидани сиёсати давлат дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ, ба шуғли расмӣ ҷалб намудани аҳолии қобили меҳнат, таъмини кафолатҳои меҳнатии кормандон, баҳисобгирии дақиқи омории қувваи корӣ, ғанӣ гардонидани буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва дар ин замина баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон ҳадафи асосии барномаи мазкур мебошад.Тибқи натиҷаҳои таҳқиқоти қувваҳои корӣ соли 2016 сатҳи шуғли ғайрирасмӣ дар кишвар ба 29,4 фоиз (249,5 ҳазор нафар) расида, нисбат ба соли 2009-ум 24,4 фоиз коҳиш ёфта буд.Чанде пештар вобаста ба масъалаи мазкур барномаи нав оид ба паст кардани сатҳи шуғли ба қайд гирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023 қабул гардид.Итминон дорам, ки амалӣ гардидани ин санад ба коҳиш ёфтани шуғли ғайрирасмӣ, ба шуғли расмӣ ҷалб намудани шаҳрвандони қобили меҳнат, ба татбиқи барномаҳои мушаххаси беҳсозии сатҳи некӯаҳволии мардум равона намудани маблағҳои буҷети давлат, зиёд гардидани сарчашмаҳои нави андозбандӣ ва афзоиши буҷети давлат ва суғуртаи иҷтимоӣ мусоидат хоҳад кард.Ҳозирини гиромӣ!Масъалаҳои ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқи меҳнатии кормандон яке аз вазифаҳои қонунӣ ва оинномавии иттифоқҳои касаба мебошанд ва ин корро нозирони дахлдори иттифоқҳои касаба амалӣ менамоянд.Зарур аст, ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат дар ҳамкорӣ бо дигар сохтору мақомот, аз ҷумла прокуратура назорати масъалаи мазкурро ба таври ҷиддӣ ба роҳ монад.Рӯй додани ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот сабабгори осеб бардоштан ва ҳатто марги кормандон мегардад, ки ҳар яке аз ин ҳолатҳо боиси таассуф ва нигаронӣ мебошад.Таҳлили вазъ дар ин самт дар ду соли охир нишон медиҳад, ки дар кишвар 196 ҳодисаи нохуши истеҳсолӣ рух дода, дар натиҷа 47 нафар кормандон фавтидаанд.Ҳодисаҳои нохуш аксаран бо сабаби риоя накардан ё таъмин набудани шароити бехатари корӣ рӯй медиҳанд. Пешгирӣ ва таъмин намудани шароити бехатари меҳнат нисбат ба ҷуброни зарар дар истеҳсолот ба корфармо якчанд баробар камхарҷ меафтад.Иттифоқҳои касаба бояд кӯшиши худро ба он равона намоянд, ки дар ҳар як ташкилоту корхона тибқи талаботи Кодекси меҳнат ва шартномаи коллективӣ барои ҳифзи меҳнат ва муоинаи тиббии кормандон дар ҳаҷми муайянгардида маблағҳои зарурӣ ҷудо карда шаванд.Инчунин, иттифоқҳои касабаро зарур аст, ки дар фаъолияти ҳамарӯзаашон назорати ҷамъиятиро ҷиҳати риояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, чорабиниҳои ҳифзи меҳнат ва риояи қоидаҳои санитариву гигиенӣ дар корхонаву муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, амалӣ намоянд.Таъмини меҳнати арзанда ва маоши муносиб яке аз вазифаҳои асосии ҳам давлат ва ҳам иттифоқҳои касаба мебошад.Сари вақт пардохт нагардидани музди меҳнати кормандони соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт яке аз масъалаҳои муҳимми рӯз буда, бо вуҷуди тадбирҳои андешидашуда қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат боқӣ мондааст.Иттифоқҳои касабаи соҳаҳои зикршударо зарур аст, ки ҳамкориро бо корфармоён ва корхонаҳое, ки дар онҳо қарздории музди меҳнат ҷой дорад, тақвият бахшида, ҷиҳати кам кардани қарзи музди меҳнат ва дар оянда роҳ надодан ба ин падидаи номатлуб чораҳои дар қонун пешбинишударо амалӣ намоянд.Таъкид менамоям, ки масъалаи роҳ надодан ба қарздории музди меҳнат бояд минбаъд низ дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, масъулони соҳа ва иттифоқҳои касаба қарор дошта бошад.Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони иҷтимоӣ, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба хотири марҳала ба марҳала кам намудан ва аз байн бурдани қарздории ташкилоту муассисаҳо аз пардохти музди меҳнат тадбирҳои мушаххас андешад.Ҳамчунин, роҳбарони Федератсияҳои иттифоқҳои касаба доир ба ҳалли масъалаҳои зикршуда ва дигар мушкилоти мавҷуда ба таҳкими ҳамкорӣ ва ҳамгироии фаъолияти иттифоқҳои касабаи соҳавӣ эътибори ҷиддӣ диҳанд.Ҳозирини арҷманд!Назорати масъалаи саломатии кормандон ва аъзои оилаи онҳо самти афзалиятноки фаъолияти иттифоқҳои касаба ба ҳисоб меравад.Бинобар нокифоя будани маблағҳои ба ин самт равонашуда ҳар сол қарори алоҳидаи Ҳукумати мамлакат дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон қабул гардида, барои кӯдакони ятиму бепарастор, аз оилаҳои камбизоат ва кӯдакону наврасони болаёқат аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ истироҳати тобистона ташкил карда мешавад.Ҳар сол ҷиҳати фарогирии кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳои тобистона 55 истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо кӯдакони ятиму бепарастор, аз оилаҳои камбизоат, онҳое, ки дар муассисаҳои давлатии таълимӣ, яъне мактаб — интернатҳои вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо таҳти сарпарастӣ ва таъминоти давлат қарор доранд, бо роҳхат ба ин истироҳатгоҳҳо равона карда мешаванд.Дар ин раванд, ҳар сол дар 1348 истироҳатгоҳи наздимактабӣ, 164 истироҳатгоҳи меҳнативу истироҳатӣ, 4 истироҳатгоҳи намуди санаторӣ, 83 истироҳатгоҳи фароғативу таълимӣ, 329 истироҳатгоҳи варзишу беҳдоштӣ, 265 мавзеи тандурустӣ, 19 истироҳатгоҳи назди интернатҳо барои кӯдакону наврасон аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлат истироҳат ва солимии кӯдакону наврасон таъмин карда мешавад.Дар баробари ин, дар масъалаи ташкил ва назорати фаъолияти истироҳатгоҳҳои наврасону кӯдакон ҳоло ҳам мушкилиҳои зиёд ҷой доранд.Дар кишвар шумораи истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии доимамалкунанда ниҳоят кам буда, талаботи кӯдакону наврасон ва падару модарон дар самти фарогирӣ ба таътили тобистона пурра қонеъ гардонида намешавад.Бинобар ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ доир ба масъалаи дар мавзеъҳои бехавф ва хушбоду ҳаво бунёд намудани истироҳатгоҳҳои замонавӣ барои кӯдакону наврасон ҷораҷӯӣ намоянд.Мушкилии дигар ин аст, ки қисми зиёди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои кӯҳистон, ки аз ҳисоби дастгирии марказонидашудаи буҷети давлатӣ фаъолият менамоянд, дар бобати солимгардонии кӯдакону наврасон имконияти маҳдуди молиявӣ доранд.Илова бар ин, қисми зиёди истироҳатгоҳҳое, ки дар кишвар аз даврони шӯравӣ то ба имрӯз фаъолият доранд, ба талаботи замон ҷавобгӯ нестанд.Бинобар ин, зарур мешуморам, ки як гурӯҳи кории босалоҳият таъсис дода, доир ба ҳолати имрӯзаи чунин муассисаҳо ва зарурати таҷдиди онҳо ба Ҳукумати мамлакат дар муддати 3 моҳ пешниҳод манзур карда шавад.Масъалаи дигари ҳалталаби соҳаи иттифоқҳои касаба фоизи ками маблағи аз ҳисоби андозҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ҷудошуда дар корхонаҳо ба шумор меравад, ки он барои ташкили истироҳату солимгардонии кормандон ва аъзои оилаи онҳо кифоя нест.Бо ҳамин сабаб ва бо дарназардошти болоравии нархи маҳсулот ва хизматрасониҳо, арзиши роҳхатҳо ба санаторияву осоишгоҳҳо ва нокифоя будани маблағҳои ҷудошаванда на ҳамаи кормандон имконияти истироҳат ва табобатро доранд.Ҷойи таассуф аст, ки тайи солҳои истиқлоли давлатӣ аз ҷониби иттифоқҳои касаба дар самти пешгирии баланд шудани нархҳо ягон иқдоми ҷиддие амалӣ нашудааст, ҳарчанд ки қонун ба онҳо салоҳиятҳои заруриро додааст.Вобаста ба ин мавзӯъ, зарур аст, ки масъалаи такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи ин самт ҳамаҷониба баррасӣ карда шавад.Ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои зикршуда ба вазоратҳои адлия, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастур ва ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон тавсия дода мешавад, ки санади «Тартиб ва андозаи хароҷоти маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои табобати санаторию курортӣ, ташкили истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо ва дигар чорабиниҳои беҳдоштию пешгирикунанда дар корхонаҳо”-ро бо дарназардошти арзиши воқеии роҳхатҳо ва андозаи маблағи аз суғуртаи давлатии ба ин самт равонгардида ҳаматарафа омӯхта, баъди такмил ва бартараф намудани камбудиҳо дар муддати 3 моҳ лоиҳаи нави тартиби мазкурро таҳия ва ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намоянд.Дӯстони азиз!Тадбирҳо оид ба таъсис додани ҷойҳои кории нав, рушди касбии захираҳои меҳнатӣ, дастгирии иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта, мусоидат ба шуғли занон ва ҷавонон, рушди соҳибкории инфиродӣ ва таъмини кафолатҳои давлатии иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ масъалаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ мебошанд.Вобаста ба афзоиши аҳолии кишвар захираҳои меҳнатӣ низ мунтазам зиёд шуда, талабот ба ҷойҳои кории нав сол ба сол зиёд мегардад.Аз ин рӯ, дар роҳи ҳалли мушкилиҳои дар доираи шарикии иҷтимоӣ ҷойдошта мо бояд ҳамкории бештар ва фарогир дошта бошем.Соли 2018 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018–2020 созишномаи генералӣ ба имзо расид.Бояд гуфт, ки соли 2018 аз маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дороии ташкилотҳои суғуртавӣ 0,54 фоиз, уҳдадориҳо 0,28 ва сармояи оинномавии онҳо 0,17 фоизро ташкил додааст. Ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки ташкилотҳои суғуртавӣ дар рушди иқтисоди кишвар саҳми назаррас надоранд.Бинобар ин, пешниҳод карда мешавад, ки механизми танзими иқтисодии фаъолияти ташкилотҳои суғуртавӣ таҳия ва ҷалби фаъоли сармоя ба ин самт ба роҳ монда шавад, зеро дар кишварҳои пешрафта маҳз ҳамин ташкилотҳо нақши яке аз сарчашмаҳои дохилии сармоягузории дарозмуддатро мебозанд.Мушкили дигар дар фаъолияти иттифоқҳои касаба ташаккули шарикии иҷтимоӣ ба шумор меравад, ки он ҳанӯз дар марҳалаи ибтидоӣ қарор дорад. Яъне корфармоён масъулияти иҷтимоӣ ва иттифоқҳои касаба мустақилияти воқеӣ ва фаъолиятро дар ҳифзи манфиатҳои кормандон надоранд.Бояд тазаккур дод, ки фаъолияти иттифоқҳои касаба аз рӯйи тарҳи солҳои 1990-ум қабулгардида ба роҳ монда шуда, имрӯз ба тағйироти ҷиддии сифатӣ ниёз дорад.Аз ин рӯ, фаъолияти иттифоқҳои касаба бояд бо дарназардошти имкониятҳои нав ва равандҳои муосири иқтисодӣ таҷдиди назар гардида, нақши онҳо дар рушди афзалиятноки ҳуқуқи инсон, сохтори ташкилӣ ва такмил додани имкониятҳои молиявӣ тақвият дода шавад.Аз ин лиҳоз, ба Федератсияи иттифоқҳои касаба, вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Академияи илмҳо супориш дода мешавад, ки ба хотири рушду тавсеаи минбаъдаи иттифоқҳои касаба ҳамчун ниҳоди муҳимми ҷомеа, мутобиқ сохтани усулҳои фаъолияти он ба талаботи вақту замон ва равандҳои муосири муносибатҳои ҷамъиятӣ лоиҳаи «Барномаи амали иттифоқҳои касаба барои солҳои 2020–2027 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.Инчунин, зарур аст, ки ҳамкории иттифоқҳои касаба бо мақомоти давлатӣ, корфармоён ва иттиҳодияҳо (иттифоқҳо, ассосиатсияҳо)-и онҳо дар асоси шарикии иҷтимоӣ ва ҳамкории тарафҳои муносибатҳои корӣ ва намояндагони онҳо, инчунин, дар заминаи шартномаҳо ва созишномаҳои коллективӣ тақвият дода шавад.Ҳамзамон бо ин, иттифоқҳои касаба бояд бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳо (иттифоқҳо, ассосиатсияҳо) ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятии соҳаи рушди табобати санаториву курортӣ, муассисаҳои истироҳатӣ, сайёҳӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш самаранок ҳамкорӣ карда, дар татбиқи сиёсати иҷтимоиву иқтисодии давлат ширкати фаъолона дошта бошанд.Иттифоқҳои касаба бояд бо тартиби муқарраршуда тавассути намояндагони ваколатдори худ дар кори ҳайати мушовараи вазоратҳо ва дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия (ғайр аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ), ҷаласаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти идоракунии корхонаҳо фаъолона ширкат варзанд.Бо итминон метавон гуфт, ки роҳбарону фаъолон ва аъзои иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити шоистаи кор ва зиндагӣ ба мардуми шарифи Ватани азизи мо – Тоҷикистон содиқона хизмат хоҳанд кард.Дар ин роҳи пуршарафу созанда ба ҳамаи шумо муваффақият ва барори кор орзу менамоям.

Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Файзобод

Ҳамдиёрони азиз!Сафари навбатии мо ба ноҳияи Файзобод дар айёми таҷлили ҷашни муқаддаси миллиамон, яъне 28-умин солгарди истиқлоли давлатӣ баргузор шуда истодааст.Бо истифода аз фурсат мардуми заҳматпешаи ин диёри зебоманзар ва ҳамаи шумо-ҳозирини муҳтарамро ба ифтихори ин ҷашни муқаддаси миллӣ табрик гуфта, ба хонадони ҳар як сокини ноҳия файзу баракат ва зиндагии орому осуда орзумандам.Мо дар ҷараёни боздиди имрӯза бовар ҳосил намудем, ки сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ноҳияи Файзобод самараҳои нек ба бор овардааст.Панҷ сол пеш мо бо вазъи корҳо дар самти рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия шинос шуда, дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон доир ба истифодаи самараноки имконияту захираҳои зиёде, ки ноҳияи Файзобод дорад, дастуру супоришҳои мушаххас дода будем.Ва чунонки имрӯз мебинем, бо дастгирии давлату Ҳукумат, заҳмати мардуми шарафманди ноҳия ва саъю кӯшиши соҳибкорону шахсони саховатпеша даҳҳо иншооти иҷтимоӣ ва корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ бунёд гардида, симои ноҳия хеле дигаргун ва садҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст.Дар доираи сафари кории имрӯза мо дар маросими ба истифода додани чандин иншооти муҳимми иқтисодиву иҷтимоӣ иштирок кардем.Қобили зикр аст, ки роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати рушди соҳаи саноат, бунёди корхонаҳои хурду миёнаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмон эътибори зарурӣ дода, бо ин роҳ барои таъсис додани ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои амалӣ андешидаанд.Тайи ду соли охир дар ҳудуди ноҳия ду корхонаи коркарди мева, сардхонаҳо, сехҳои истеҳсоли обҳои маъданӣ ва ташнашикан, маҳсулоти қаннодӣ, дӯхти либосҳои мактабӣ ва коркарди шир бунёд карда шудаанд.Инчунин, дар ду канори шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт хеле корҳои ҳамворсозии талу теппаҳо ва шинонидани дарахтони ороишиву гулбуттаҳо анҷом ёфтаанд. Дар маркази ноҳия Парчами давлатӣ қомат афрохта, гулгашти Нишон бунёд карда шудааст.Ғайр аз ин, 9 километр роҳҳои марказ ва деҳаҳои ноҳия асфалтпӯш карда шуда, зиёда аз 20 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру таҷдид гардидаанд.Дар ноҳия тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии истиқлоли давлатӣ бояд 352 иншоот бунёд ва азнавсозӣ карда шавад.То имрӯз 117 иншооту биноҳо ба истифода супорида, ба масофаи беш аз 8 километр роҳҳои дохилӣ таъмиру барқарор ва 6 километр хатти интиқоли оби нӯшокӣ сохта шудааст.Иҷрои корҳои ба нақша гирифташуда то имрӯз 30 фоизро ташкил медиҳад, ки қобили таҳсин аст ва зарур аст, ки кор доир ба иҷрои қисми боқимондаи нақша тезонида шавад.Бояд гуфт, ки Ҳукумати кишвар рушди ҳамаҷонибаи минтақаҳои мамлакатро самти афзалиятноки сиёсати худ эълон намуда, махсусан, барои пешрафти ноҳияҳои кӯҳистон ва деҳоти дурдасти кишвар ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ карда истодааст.Аз ҷумла бо мақсади таъмин намудани рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Файзобод дар давоми солҳои истиқлол аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории давлатӣ 445 миллион сомонӣ равона гардидааст.Илова бар ин, дар доираи панҷ лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 300 миллион сомонӣ вазъи инфрасохтори ноҳия хеле беҳтар карда шудааст.Бо мақсади таъмин намудани тараққиёти ноҳия ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии он Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Файзобод барои солҳои 2016-2020 бо фарогирии 158 лоиҳа ба маблағи 269 миллион сомонӣ қабул гардида, дар се соли гузашта 37 лоиҳа ба маблағи 25 миллион сомонӣ пурра татбиқ шуда, ҳоло корҳои бунёду барқарорсозӣ дар доираи 35 лоиҳа дар ҳаҷми зиёда аз 60 миллион сомонӣ идома доранд. Вале корҳо вобаста ба татбиқи 86 лоиҳа то ҳанӯз оғоз нашудаанд ва роҳбарони ноҳияро зарур аст, ки якҷо бо дигар сохтору мақомоти давлатӣ ва бо ҷалби соҳибкорону сармоягузорон ҷиҳати иҷрои саривақтии лоиҳаҳои барнома чораҷӯӣ намоянд.Иҷрои тадбирҳои дар барнома пешбинигардида имкон медиҳад, ки дар ноҳия тавассути бунёди корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ ҳазорҳо ҷойи нави корӣ таъсис дода шаванд.Файзобод ноҳияи аграриву саноатӣ буда, барои бунёди корхонаву коргоҳҳои коркарди маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ имконияти зиёд дорад. Қобили зикр аст, ки ҳоло дар ноҳия 21 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, дар 7 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 19 миллион сомонӣ баробар шудааст.Ин нишондиҳанда назар ба ҳамин давраи соли гузашта дуюним баробар зиёд мебошад. Роҳбарону мутахассисони ноҳия ва соҳибмулкони корхонаҳои саноатӣ бояд суръати афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатиро боз ҳам вусъат бахшанд, зеро барои ин ҳамаи захираву имкониятҳои зарурӣ мавҷуданд.Дар ин раванд, зарур аст, ки ба масъалаҳои такмили идораи истеҳсолот, баланд бардоштани сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда ва ҷалби воситаҳои иловагии молиявӣ ба корхонаҳо чораҷӯӣ карда шавад.Дар шаш моҳи соли равон аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба аҳолӣ дар ҳаҷми қариб 18 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.Ҷиҳати таъмин намудани рушди минбаъдаи ноҳияи Файзобод роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Вазорати саноат ва технологияҳои нав вазифадоранд, ки якҷо бо сохторҳои дахлдори давлатӣ дар асоси таҳлили иқтидорҳои мавҷуда масъалаи таъсис додани корхонаҳои хурди коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва масолеҳи сохтмонро ҳамаҷониба баррасӣ карда, ҳамкориро бо соҳибкорону сармоягузорон ба таври васеъ ба роҳ монанд.Тибқи таҳлилҳо ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар моҳҳои январ – июли соли 2019-ум 103 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 23 фоиз зиёд шудааст.Ҳарчанд ки дар ин муддат 8 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ ворид карда, 25 гектар заминҳои нав аз худ ва бо об таъмин гардидаанд, аммо ин нишондиҳанда ҳоло ҳам қонеъкунанда нест.Илова бар ин, солҳои охир сифати хизматрасонии техникии шабакаҳои обрасонӣ ва дигар иншооти оби полезӣ ба масъалаи ташвишовар табдил ёфтааст.Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод бояд якҷо бо Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ҷиҳати пешгирӣ кардани баландшавии сатҳи обҳои зеризаминӣ, аз гардиши кишоварзӣ берун мондани заминҳо, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва азхудкунии заминҳои нав тадбирҳои иловагӣ андешида, якҷо бо Вазорати кишоварзӣ ҳамкориро бо соҳибкорону сармоягузорон ҷиҳати бунёди гармхонаву сардхонаҳо тақвият бахшанд.Бо дарназардошти таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати кишвар ба соҳаи парандапарварӣ зарур аст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод барои рушди ин соҳа шароити мусоид фароҳам оварда, ҷиҳати ба роҳ мондани истеҳсоли хӯрокаи паранда, инчунин, тараққӣ додани соҳаи моҳипарварӣ, ки дар ноҳия дар ин самт имкониятҳои мусоид мавҷуданд, тадбирҳои зарурӣ андешанд.Кишоварзони ноҳия соли ҷорӣ 312 гектар боғу токзорҳои нав бунёд кардаанд, ки ин нишондиҳандаи хуб аст.Зарур аст, ки таҷрибаи ташкили боғу токзорҳо дар заминҳои лалмӣ ва талу теппаҳо бештар ба роҳ монда шавад.Ҳамчунин, хотиррасон месозам, ки дар ноҳияи Файзобод барои рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ, содироти ин намуди ғизои пурқимати табобатӣ ва бо ҳамин роҳ фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ шароити хуб ва имкониятҳои васеъ мавҷуданд.Дар робита ба ин, масъалаи омодагӣ ба зимистонро таъкид менамоям. Зеро тибқи маълумоти мутахассисон зимистони дарпешистода сарду тӯлонӣ меояд.Бинобар ин, зарур аст, ки ба захираи маводи озуқаворӣ, сӯзишворӣ ва омода кардани муассисаҳои иҷтимоӣ, шабакаҳои барқ ва роҳҳо аз имрӯз сар карда, эътибори аввалиндараҷа дода шавад.Ҳозирини гиромӣ!Тавре пайваста таъкид менамоям, масъалаи солимии аҳолӣ дар маркази таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошта, ояндаи ҳар миллат ва пойдории он аз сиҳатии сокинонаш вобаста мебошад.Ҳоло дар ноҳияи Файзобод ба аҳолӣ 52 муассисаи тандурустӣ хизмат мерасонад, ки дар онҳо 116 нафар табибон ва 445 нафар кормандони миёнаи тиббӣ фаъолият мекунанд.Ҳамчунин, дар ноҳия 2 маркази саломатии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири тиббӣ сохта, ба истифода супорида, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат шароити 16 маркази саломатӣ беҳтар гардонида шудааст. Мо барои рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, сатҳи донишомӯзӣ ва малакаву маҳорати толибилмон тамоми имкониятҳоро сафарбар карда истодаем.Дар давраи истиқлол дар ноҳияи Файзобод 38 муассисаи нави таълимӣ ва биноҳои иловагӣ барои беш аз 6200 нафар хонанда сохта, ба истифода супорида шудааст. Танҳо соли 2019 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 6 мактаби нав бо зиёда аз 1000 ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.Илова бар ин, вақтҳои наздиктарин аз ҷониби ширкати «ТВЕА»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин дар деҳаи Элок сохтмони муассисаи таълимӣ барои 2400 нафар хонанда оғоз мегардад.Аз соли 1997 то имрӯз 320 нафар хатмкардагони мактабҳои ноҳияи Файзобод тибқи квотаи президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дохил шудаанд.Ҳоло шумораи умумии донишҷӯёни мактабҳои олии касбии кишвар аз ноҳия беш аз 2600 нафар буда, 67 нафар дар муассисаҳои таҳсилоти олии давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд.Дар ноҳияи Файзобод ҳоло 62 муассисаи таҳсилоти умумӣ, маркази эҷодии кӯдакону наврасон, маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо амал менамояд.Дар муассисаҳои таълимии ноҳия зиёда аз 22 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки қариб 11 ҳазор нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.Мо имрӯз дар деҳаи Сари Чашма як мактаби навбунёдро, ки дар он барои таълиму тарбияи фарзандони мардуми деҳа тамоми шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст, ба истифода супоридем ва санги асоси сохтмони шуъбаи маорифро гузоштем, ки то ҷашни 30- солагии истиқлол ба анҷом расонида мешавад.То имрӯз фарзандони мардуми деҳаи Сари Чашма бо сабаби набудани мактаб роҳи дарозро тай карда, ба деҳаҳои дигар барои таҳсил рафта меомаданд. Дар натиҷа тайи солҳои охир 13 ҳолати ба садама дучор шудани хонандагон ҳангоми аз роҳ гузаштан рӯй додааст.Дар баробари пешравиҳои зикршуда, дар соҳаҳои маорифу тандурустии ноҳия барои баланд бардоштани сатҳу сифати донишомӯзӣ, бунёди иншооти соҳа, таъминоти онҳо бо таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ ва мутахассисони баландихтисос ҳанӯз корҳои зиёд дар пешанд.Аз ин лиҳоз, роҳбарони ноҳия ва масъулони соҳаи маориф вазифадоранд, ки бо ҷалби ҳарчи бештари соҳибкорону тоҷирон, падару модарон ва аҳолӣ доир ба мунтазам беҳтар кардани шароити таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ чораҷӯӣ намоянд.Ҳамдиёрони гиромӣ!Ноҳияи Файзобод яке аз гӯшаҳои бостонии кишварамон буда, тибқи маълумоти муаррихон таърихи беш аз дуҳазорсола дорад. Дар китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров омадааст, ки шаҳри Вашгирд, яъне Файзободи имрӯза дар байни рӯдҳои Кофарниҳону Вахш ҷой дошта, дар баробари Чағониён, Аҳорун, Шумон ва Кумод як мулки ободи минтақа ба ҳисоб мерафтааст.Манбаъҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки Вашгирд дар аввали асри якуми мелодӣ ба вуҷуд омада, дар асрҳои 9-11 яке аз марказҳои калонтарини маданӣ, илмӣ, ҳунарӣ ва тиҷорати Бохтари Шимолӣ ба шумор мерафт. Шаҳр дорои қалъа, шаҳристон ва работ будааст, ки бозмондаҳои он то ҳол бо номи Қалъаи сангин мавҷуданд.Дар натиҷаи ҳафриёти харобаҳои Вашгирд маълум гардид, ки дар асрҳои миёна, яъне аз асрҳои 3-2 то милод то асрҳои 6-16 мелодӣ шаҳри Вашгирд макони обод ба ҳисоб рафта, дорои Қалъаи сангин, Қалъаи Фотимаи Зуҳро ва шаҳристону работ будааст.Мардуми Файзобод бо таъриху фарҳанги худ ифтихор менамоянд. Оромгоҳи имрӯзаи деҳаи Сари Чашма дар қатори 27 мавзеъҳои таърихиву фарҳангии Тоҷикистон ҳамчун мамнуъгоҳи таъриху фарҳанг ба қайд гирифта шудааст.Таърихи куҳани ноҳия ва таҷрибаи шахсони обрӯманди он аз насли бузургсоли имрӯза, аҳли зиё ва падару модарон тақозо менамояд, ки наврасону ҷавононро дар рӯҳияи арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги халқамон, муқаддасоти Ватан, ҳисси баланди миллӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбия намоянд.Сокинони Файзобод табиатан адабпарвару суханшинос, дӯстдори санъату фарҳанг ва илму ҳунар мебошанд. Шоирону санъаткорон – фарзандони ноҳия дар рушди илму фарҳанги кишварамон саҳми арзишманд гузоштаанд ва дар байни мардуми Тоҷикистон ва ҳатто берун аз он маъруфанд.Зарур аст, ки анъанаҳои неки онҳо ба хотири тарбияи наврасону ҷавонон, ба воя расонидани истеъдодҳои нав ва рушди боз ҳам бештари илму фарҳанги миллиамон идома дода шаванд.Зеро дар шароити пуртазоди замони муосир маҳз ҳамин хислатҳо барои ҳифзи таърихи ибратомӯзи халқамон ва таҳкими пояҳои давлати муосири миллиамон бисёр заруранд.Ҳар як фарди бонангу номуси ноҳия, зиёиён ва аҳли маориф, инчунин, падару модарон вазифадоранд, ки наврасону ҷавононро аз таъсири унсурҳои фарҳанги бегона ва тарғибгарони ақидаву андешаҳои ифротгароиву радикалӣ эмин доранд.Мо ҳама – хурду бузурги кишвар бояд шукронаи давлати соҳибихтиёр, Ватани озоду обод ва зиндагии орому осударо ҳамеша ба ҷо орем ва кӯшиш кунем, ки фарзандони худро ҳамчун насли созанда, донишманд, соҳиби касбу ҳунарҳои замонавӣ ва сазовори номи неки миллати тамаддунсози тоҷик ба камол расонем.Бовар дорам, ки мардуми шарафманди ноҳияи Файзобод ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромӣ минбаъд низ рисолати муқаддаси худро ба хотири тақвияти иқтидори давлати соҳибихтиёри тоҷикон содиқона иҷро карда, ҳамаи саъю талош ва ҳиммату ғайрати худро барои ободии Тоҷикистони азизамон, инчунин, ҳифзи дастовардҳои истиқлол, таҳкими суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ сафарбар мекунед.Дар охир ба ҳар яки шумо саломативу хушбахтӣ, рӯзгори обод ва дар кору фаъолияти ҳаррӯзаатон барору комёбӣ орзу менамоям.Сарбаланду хонаобод бошед!

Фаъолият

Аз ҷониби мутахассисони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар якҷояги бо Маркази имунизатсия миёни 80 нафар кормандони тиб семинар омӯзишии якрӯза гузаронида шуд. Ҳадаф аз гузаронидани чунин чорабиниҳо коҳиш додани бемориҳои сироятӣ дар байни аҳолӣ мебошад.
Риояи гигенаи шахси дар байни мактаббачагон

Дар асоси нақшаи кории Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилоят кормандони Марказ дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд бо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ гузарониданд.Зимни суҳбат масъулин доир ба аҳамияти риояи гигиенаи шахсӣ ва муҳофизати худ аз гирифторшавии ба бемориҳои мавсимӣ бо истифода аз аёният андешаҳои ҷолиб баён намудан.

Чорабинии иттилоотӣ оид ба бартараф намудани хавфи офатҳои табии дар байни мактаббачагон

13 октябри дар толори Муассисаи давлати гимназияи рақами 1 шаҳри Хуҷанд бахшида ба “Рӯзи байналмилалӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ” байни хонандагони мактабҳои шаҳри Хуҷанд озмуни расми беҳтарин баргузор гардид, ки дар он намояндагони Раёсати Кумитаи вилоятии ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд, Раёсати маориф, , Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, Ташкилоти ҷамъиятии Ҳилоли Аҳмар дар вилоят ва шарикони рушд иштирок намуданд.Дар чорабинии мазкур аз ҷониби кормандони Маркази ташакккули тарзи ҳаёти солими вилоят корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, ба иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ доир ба бемориҳои сироятӣ тақсим карда шуд

video-image

Саломатии миллат боигарии бебаҳои давлат аст. Ҳифзи саломатии мардум самти муҳими сиёсати иҷтимоӣ мебошад. Мо бояд барои беҳтар гардидани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ шароити мусоид фароҳам оварем. Зеро ҷомеаи солим кафили пешрафти давлат ва ояндаи дурахшони кишвар аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам

Эмомалӣ Раҳмон

Роҳбарият

team-1

Орзу Раҳмоналиев

Директори муассиса

team-1

Мирзоев Насим

Мудири шуъбаи иттилоот ва чоп

team-1

Сафаралӣ Абдулло

Мудири шӯъбаи коммуникатсия ва робита бо ҷомеа

team-1

Закирова Мавлуда Сулаймоновна

Мудири шӯъбаи барномаҳои таълими маърифатӣ

team-1

Анварова Сурайё Баҳромовна

Мудири шӯъбаи барномаҳои таҳлилӣ

team-1

Худойкулова Дилафруз Абдуқаҳоровна

Мудири шӯъбаи кор бо муҳоҷирон

team-1

Азимов Азим

Мудири шӯъбаи барномаҳои профилактикӣ

Савол доред?

Шакли зеринро пур кунед ва мо ҳатман ба шумо ҷавоб медиҳем. Саломатии шумо афзалияти мост!